May 2026

ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМИИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Submitted by IED.TJ on Saturday, May 2, 2026 - 10:20am

Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии байналхалқии Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Россия ва Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон таҳти унвони «Стратегии и институты социального и экономического развития России и Таджикистана в условиях меняющегося миропорядка» баргузор гардид, ки дар кори ҷаласаи пленарии конференсия маърузаи мудири шуъбаи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ, д.и.и., дотсент Каримова М.Т.

ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМИИ САТҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Submitted by IED.TJ on Saturday, May 2, 2026 - 12:24pm

Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Масъалаҳои таъмини сифати таҳсилот дар шароити рақамикунонӣ» баргузор гардид, ки дар кори ҷаласаи пленарии конференсия маърузаи мудири шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти бахши воқеӣ, н.и.и. Қодиров Ф.А. дар сатҳи баланди илмӣ ироа гардид. 

ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ

Submitted by IED.TJ on Saturday, May 2, 2026 - 3:26pm

Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи якуми байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба идоракунии рушд бо тамаркуз ба мониторинг ва арзёбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мусоидат ба банақшагирии стратегӣ, мониторинг ва арзёбӣ, инчунин ҳамкорӣ барои рушди устувор дар Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар сессияи 1-уми он – «Таҷрибаи мониторинг ва арзёбӣ: вазъ ва дурнамо» маърузаи ходими пешбари илмии шуъбаи назарияи иқтисод ва таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и.

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Submitted by IED.TJ on Tuesday, May 5, 2026 - 3:44pm

Санаи 5-уми майи соли 2026 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Раёсат ҷиҳати амалӣ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 марҳилаи дуюм, солҳои 2026-2030” вохӯрии ҳайати кормандони Институт бо сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Баҳромҷони Бобо баргузор гардид.

Семинари илмии муштарак дар мавзуи «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»

Submitted by IED.TJ on Wednesday, May 6, 2026 - 4:51pm

06 майи 2026 дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсиласеминарҳои илмии муштарак дар мавзуи «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» идома ёфт. Дар семинари навбатии муштарак муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р. ва сарходими илмии шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода иштирок намуданд.

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ЗАМИНАИ НИЗОМИ УСТУВОРИ РАФТОРИ ҲУҚУҚӢ

Submitted by IED.TJ on Thursday, May 7, 2026 - 9:09am

Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

Submitted by IED.TJ on Friday, May 8, 2026 - 10:46am

Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ, яке аз санаҳои муҳими таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд. Ин рӯз чун хотираи он родмандони шуҷоатманди халқу Ватан, ки баҳри зиндагии осуда ва хуррами имрӯзаи мо дар набардҳои хунин ҷангида буданд, дар ёди мо нақш бастааст. 

ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМИИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Submitted by IED.TJ on Friday, May 8, 2026 - 1:57pm

Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025-2030 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «ТАШКИЛИ МУОМИЛОТИ ПУЛӢ ДАР ШАРОИТИ ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ» баргузор гардид, ки дар кори ҷаласаи пленарии конференсия маърузаи сарходими илмии шуъбаи бозорҳои молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, д.и.и., профессор Раҳимзода Шариф дар мавзӯи “Рақамикунонии ҳисобдорӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ – омили таъмини шаффофия

МУСОҲИБА ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ CGTN: ҲАДАФҲОИ УМУМИИ ДУРНАМОИ РУШД БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН

Submitted by IED.TJ on Wednesday, May 13, 2026 - 5:15pm

Шариф Раҳимзода – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, сарходими илмии шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни баромад дар телевизиони Чин – CGTN дар мавзуи «Глобальные инициативы управления – Global Initiative Govenment» оид ба ҳадафҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози ақида намуд.