ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМИИ САТҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Submitted by IED.TJ on Saturday, May 2, 2026 - 12:24pm

Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Масъалаҳои таъмини сифати таҳсилот дар шароити рақамикунонӣ» баргузор гардид, ки дар кори ҷаласаи пленарии конференсия маърузаи мудири шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти бахши воқеӣ, н.и.и. Қодиров Ф.А. дар сатҳи баланди илмӣ ироа гардид. 
Мубрамияти рақамикунонии таҳсилот дар Тоҷикистон баён шуда, таъкид гардид, ки дар муҳити рақамӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани сатҳи дониш, малакаву маҳорат ва  ҳалли мушкилоти тамоми соҳаҳо имконпазир мегардад.