Ҷавонон — нерӯи пешбарандаи ҷомеа

Submitted by IED.TJ on Thursday, May 21, 2026 - 8:06am

Ҷавонӣ гаронбаҳотарин давраи ҳаёти инсон аст, ки бо нерӯи зеҳнӣ, ҷасорат ва интихоби роҳи оянда тавсиф мешавад. Дар ҷаҳони муосир насли ҷавон на танҳо ояндаи миллат, балки қувваи асосии пешбарандаи имрӯзи ҷомеа ба шумор меравад. Ояндаи давлату миллат аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонон вобаста аст. Маҳз ҷавонон бо ақлу заковат, нерӯи ҷисмонӣ ва фикрҳои нав метавонанд ҷомеаро ба сӯи пешрафт роҳнамоӣ намоянд.
Ҷавонон бояд бештар ба омӯзиши илм, технология ва касбу ҳунар машғул шаванд. Ҷавони босавод метавонад барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузорад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи дурусти технология ва мутолиаи китоб ҷаҳонбинии ҷавононро васеъ мегардонад.
Имрӯзҳо ҷавонон дар соҳаҳои гуногун — илм, техника, варзиш, фарҳанг ва технология ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд. Ҷавонон бо рушди илму техника имконият доранд донишҳои худро васеъ намуда, ҳамқадами замон бошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши илм, аз худ кардани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ барои ҳар як ҷавони ватандӯст муҳим мебошад. 
Яке аз пешравиҳои асосии ҷавонони имрӯза — қобилияти баланди зуд азхудкунии технологияҳои навин аст. Имрӯз ҷавонон дар соҳаи IT, стартапҳо ва тиҷорати рақамӣ пешсаф мебошанд. Онҳо бо идеяҳои инноватсионии худ ба иқтисодиёт такони ҷиддӣ мебахшанд ва барои осон кардани ҳаёти рӯзмарраи одамон роҳҳои навро кашф мекунанд.
Ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ ва волонтёрӣ (ихтиёрӣ) нақши барҷаста доранд. Кӯмак ба солимгардонии муҳити зист, дастгирии ниёзмандон ва ташкили чорабиниҳои маърифатӣ маҳз бо ташаббуси онҳо сурат мегирад. Дар соҳаи варзиш низ ҷавонон парчамбардори ватани худ ҳастанд. Онҳо бо ғолибиятҳои худ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ нуфузи кишварашонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло мебаранд.
Дар баробари донишандӯзӣ, ҷавонон бояд дорои ахлоқи ҳамида, эҳтироми калонсолон ва муҳаббат ба Ватан бошанд. Ҷавонони ватандӯст метавонанд истиқлол ва арзишҳои миллиро ҳифз намоянд. Агар ҷавонон вақти қимати худро самаранок истифода баранд, онҳо метавонанд барои ободии Ватан саҳми арзанда гузоранд. Ҷавонон қувваи бузург ва такягоҳи асосии ҳар як миллат ба ҳисоб мераванд. Ояндаи давлату ҷомеа аз дониш, фарҳанг ва фаъолияти ҷавонон вобаста аст. 
Дар ин асно, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд: “Ҷавонон-қувваи бузург ва ояндаи миллатанд.”
Ҷавонон мисли оби равоне ҳастанд, ки ҷомеаро ҳамеша зинда, ҷавон ва пешрафта нигоҳ медоранд. Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, гӯш додан ба садои онҳо ва боварӣ намудан ба қудрати созандагии онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст. Сармояе, ки имрӯз барои илм, тарбия ва саломатии ҷавонон сарф мешавад, фардо бо пешрафти бесобиқаи кишвар бармегардад.
Ҷавонон мисли муҳаррике ҳастанд, ки ҷомеаро ба пеш мебаранд. Сармоягузорӣ ба илм, тарбия ва саломатии ҷавонон — ин сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони кишвар аст. Танҳо бо ҷавонони соҳибилм, ватандӯст ва эҷодкор метавон ҷомеаи устувор ва пешрафта бунёд кард. 
Хулоса, ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат ба ҳисоб меравад. Агар ҷавонон донишманд, боодоб ва меҳнатдӯст бошанд, миллат ба пешрафту шукуфоӣ мерасад. Аз ин рӯ, дастгирӣ ва омӯзиши ҷавонон вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Аюбов Ҳусейн Файзиддинович-
лаборанти калони шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтории
Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ