Семинари илмии муштарак дар мавзуи «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 05/19/2026 - 15:25

Санаи 19-уми майи 2026 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ дар ҳамкорӣ бо Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсиласеминарҳои илмии «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» идома ёфт. Дар семинари навбатии муштарак директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода Комилҷон, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р., сарходими илмии шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., дотсент Шарифзода Б.М. ва ходими пешбари илмии шуъбаи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ, н.и.и. Холбобоев Ф.С. иштирок намуданд. Дар рафти семинар Холбобоев Файзулло Самадович ба ҳайси намояндаи доимии  Тоҷикистон дар  ИДМ ва  Иттиҳодии иқтисодии Авруосиё (солҳои 2006-2015) ва собиқ Сафири  Фавқуллода ва  Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Молдова дар солҳои 2015-2021 дар мавзуи «Тоҷикистон дар низоми ҳамкориҳои минтақавӣ: муносибатҳо бо Украина, Ҷумҳурии Молдова, ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё» суханронӣ намуданд.
Семинари илмӣ таҳти мудирияти директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам ва директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Бобозода Комилҷон  баргузор гашт.
 

Меню: