Сешанбе, Май 19, 2026

Семинари илмии муштарак дар мавзуи «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 05/19/2026 - 15:25

Санаи 19-уми майи 2026 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ дар ҳамкорӣ бо Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсиласеминарҳои илмии «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» идома ёфт. Дар семинари навбатии муштарак директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода Комилҷон, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, н.и.и.