Санаи 5-уми майи соли 2026 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Раёсат ҷиҳати амалӣ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 марҳилаи дуюм, солҳои 2026-2030” вохӯрии ҳайати кормандони Институт бо сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Баҳромҷони Бобо баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.и. Бобозода Комил Олимҷон оғоз намуда, ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниро дар муассиса муассир арзёбӣ намуд.
Дар баромади худ Бобозода Комил Олимҷон ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама паёмҳояшон аз хатарҳои коррупсия, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, ба таври ҷиддӣ истода гузашт. Дар ин замина дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 марҳилаи дуюми он солҳои 2026-2030” Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардид.
Сипас, баромади сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Баҳромҷони Бобо ироа гардид. Таъкид гардид, ки ҳадаф ва вазифаи асосии амалисозии стратегияи мазкур баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Дар музокира зикр гардид, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон барои татбиқ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 марҳилаи дуюми он солҳои 2026-2030” саҳмгузор бошанд. Инчунин, зимни вохӯрӣ оид ба асосҳои ҳуқуқиву ташкилии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози ақида карда шуд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
![]()










Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








