Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 03/19/2026 - 13:09

Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат 
барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон

 


Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди  тоҷик  тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон-Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тӯли асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонад. Воқеан, месазад, ки садо то ба афлок бибарему бо ифтихор бигӯем: “Тоҷикистон Ватани Нарӯз аст”. 
Бо ибтикори фарзанди фарзонаи миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Наврӯз 23-юми феврали соли 2010 дар 64-умин Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Мо аз он мефахрем, ки Ҷашни Наврӯз пироҳани тоҷикӣ ба бар дораду бо забони ноби тоҷикӣ дар лаҳни тамоми ҷашнгирандагони ин ҷашни бузург садо медиҳад. 
Дар боби Наврӯз бисёр навиштаанду гуфтанд ва сухан аз он ҳамвора муқаррар аст, аммо дар илму адаб такрор малоловар аст, вале ақл такрорро дӯст дорад, табиати Офаридгор такрорро дӯст дорад, эҳсос такрорро дӯст дорад, зеро ҳама аз такрор ҷон мегирад ва аз ин хотир Наврӯз достони зебоист: табиат, ҷомеа, ақл, эҳсос ва амсоли ин аз такрор неруманд мешавад. Наврӯз ҷашни табиат буда, ҳангомест, ки рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад ва он чӣ дар ӯст, нав мешавад. Мавҷудоти олам ҳаёти нав меёбанд ва  вориди марҳилаи тозае мегардад. Инчунин, Наврӯз ҷашни эҳёи мавҷудоти гетї буда, танҳо покию сафо ва хуррамию фаровонї оварад.
Оре, Наврӯз қарнҳои дароз бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон ҷилва мебахшад, ҷашни ҷаҳону ҷавонию шодмонист, ҷашни замину офтоб аст, шӯри заданҳову ҷӯши шукуфтанҳо, саршор аз нури шукӯҳи оғоз аст.


Эй баҳори сабзу тар, хуш омадӣ, хуш омадӣ,
Эй ҷамоли баҳру бар, хуш омадӣ, хуш омадӣ.
Аз қадамҳоят ҳама гул мекунад,
 Эй арӯси гулбасар, хуш омадӣ, хуш омадӣ.


Маврид ба зикр аст, ки Наврӯз таҷдиди хотираи бузургест. Хотираи ниёгони бузург, хотираи азизони хеш. Мо тавассути Наврӯз аз нав зиндагии ҷисмонию рӯҳонии хешро таҷдид мекунем ва дар домони табиат аз файзи заминию осмонии он лаззат мебарем. Наврӯз айёми гулшукуфтанҳову дилшукуфтанҳост. Чунон ба назар мерасад, ки тамаддуни маснуии қарни мо ҳар қадар печидатару сангинтар гардад, ниёз ба бозгашт асту бозшинохти табиатро дар вуҷуди мо ҳаётитар мекунад ва аз ин ҷост, ки Наврӯз тавонотар ва ҳар сол дурахшонтар мегардад. 


Наврӯзи Аҷам,ту ҷашни миллат ҳастӣ,
Ту рамзи салоҳу сулҳу ваҳдат ҳастӣ.
Дар ин суханон як олами маъниҳост,
 Бар мардуми мо бахту саодат ҳастӣ.


Наврӯз тайи ин сипеҳри бузург барои инсон фурсате барои осоишу ромиш нест, балки ниёзи зарурии ҷомеа ва шукуфоию тавоноии миллати фарҳангдӯсти мо будааст: дунёе, ки ҳар лаҳза навшавист ва Наврӯзи фаррухпай ҳам қадимӣ аст ва ҳам ҷадид. Наврӯз оинаест, ки забону замонҳои ҷаҳони офаринишро бозтоб медиҳад, ҳалқаҳои пайванди қавму миллатҳои ҳамфарҳангу ҳамтаърих ва ҳамтақдирро таҳким мебахшад, ҷашни бузурги Наврӯз, воқеан, ваҳдатгарои халқу миллатҳои гуногун мебошад ва ин маънӣ иди миллӣ дар тӯли таърих натанҳо халқу миллатҳо, балки андешаву гуфтору кирдори онҳоро низ бо ҳам сахт пайвастааст, мо инро дар мисоли ҳамоҳангиву маросими ҷашнгирии Иди Наврӯз дар Осиёи Миёна мушоҳида карда метавонем. 


Пайғоми Аҷам резад, Наврӯз муборак бод!
Хуршеди Ҳамал хезад, Наврӯз муборак бод!
Хуш омада Фарвардин, ҷонбахши заминро бин,
Дай хезаду бигрезад, Наврӯз муборак бод!


Ин ҷашни мардумӣ, ки аҷдоди орёии мо бароямон мерос гузоштааст, ифодаи ҳувияти миллию фарҳангие  мебошад, ки шахсияти афроди ҷомеаи ҳамаи наслҳои таърихии мо бо ширкату васлат ба он ҳиссагузор мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши Ҷашни Наврӯз ва идҳои дигари солонаи аҷдодӣ, ҳамчунин, таҷлили онҳо яке аз масъалаҳои муҳими худшиносиву хештаншиносӣ ва комёб шудан ба умқи ниҳодҳои фарҳангу тамаддуни саршор аз ғановату муқаддаси мо хоҳад буд.


Ходими калони илмии 
шуъбаи назарияи иқтисодӣ
 ва таҳқиқоти институтсионалии
 Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
Гулчеҳраи Ёдгор

 

Меню: