ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 03/31/2026 - 14:24

Санаи 31-уми марти соли 2026 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид. Чорабинии наврӯзиро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода Комил Олимҷон ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ва зеботарин идҳои мардуми ориёӣ мебошад, ки рамзи эҳёи табиат, оғози соли нав ва пирӯзии рӯшноӣ бар торикист. Ин ҷашн таърихи беш аз 6-ҳазорсола дошта, бо номи «Наврӯзи олам» дар саросари ҷаҳон эътироф шудааст. 
Ҳамзамон, иброз гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз ҳамчун ҷашни ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.
Дар ин рӯзҳо замин қабои сабз ба бар мекунад ва деҳқон бо умеди фаровонӣ ба киштзорон мебарояд. Наврӯз бо суннатҳои хоси худ, аз ҷумла оростани хони «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», пухтани суманак ва баргузории бозиҳои миллӣ, ба монанди гуштинигирӣ ва бузкашӣ, шукӯҳи махсус дорад. Муҳимтарин паёми Наврӯз дӯстӣ ва бахшиш аст. Мардум хонаҳои худро тоза карда, кинаҳоро аз дил мебароранд ва ба дидори ҳамдигар мераванд. Бигзор Наврӯзи навбати ба ҳар хонадони тоҷик файзу баракат, шодӣ ва сулҳи пойдор биёрад.
Ҳамзамон, саҳни Институт бо шиору овезахои наврӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, оростани дастархони Наврӯзӣ, хафт сину ҳафт шин, гулдӯзиҳо, чаканбофӣ, атласбофӣ, асбобу мусиқихои миллӣ ва пухтани таомҳои миллӣ ороста гардида, ба маърази тамошобинон гузошта шуда буд.
Дар ҳамоиши идонаи наврӯзӣ ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»-и ҲХДТ дар АМИТ, д.и.т., профессор Қурбонова Ширин, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷура ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд. Дар чорабинии мазкур қисмати фарҳангӣ низ гузаронида шуд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ аз ҷониби директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода Комил Олимҷон ба ҳамаи кормандон барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз сипосгузорӣ ва миннатдорӣ баён карда шуд.
 

Меню: