МОДАР НЕРУБАХШИ РӮҲУ ҶОН АСТ.

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 03/06/2026 - 11:28

«Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад». 
Эмомалӣ Раҳмон 


Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан-модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шавқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода мебошад. Дар ҳақиқат, занон дар ҷомеа нигини пурҷилои давлат, неруи бузургро ташкил медиҳанд. Пас, бонувон неруе ҳастанд, ки созандаву бунёдкор, тарбиятгар, ҳалиму меҳрубон, бонуи ҳунар, саҳмгузор дар ҷомеаи имрӯза фардои башар мебошанду ва садсолаҳо ба давлату миллат хизмат менамоянд. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарон ва хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Бале модар - калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Яъне дар мазмуну муҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукуҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Шоири ширинкаломе фармудааст: 


Эй Модарону хоҳарон, бодо муборак идатон, 
Зиннатфизо эй маҳвашон, бодо муборак идатон. 
Баҳри шумо Фархунда бод, ин фасли зебои баҳор. 
Гулғунчаҳои бӯстон, бодо муборак идатон. 
Ин фасли гул зебандааст, баҳри шумо, эй модарон. 
Эй бонувони ҷони ҷон, бодо муборак идатон. 
Чун рӯзи идат мерасад, дар ин баҳори нозанин. 
Эй ҳамдами рӯҳи равон, бодо муборак идатон. 
Кай бе шумо ин зиндагӣ, дорад ҷамолу накҳате? 
Эй ахтарони осмон, бодо муборак идатон. 
Рухсораҳо монанди гул, чун ғунча лабҳои шумо. 
Эй гулбаҳорони замон, бодо муборак идатон. 


Зан олиҳаи ҳусн ва зебоӣ, модар, ҷинси латифу ғамхор, поягузори оила ва насли инсоният дар ҳар давру замон мақоми хосаеро дар ҷомеа соҳиб мебошад. Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоднажоду озодихоҳ, зебову зебопараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст. Қалби зан - модар саршор аз ишқу муҳаббати зиндагӣ буда, нисбат ба Ватан ва фарзандон ҳеҷ гоҳ бетафовут нест. Эҳтирому бузургдошти шахсияти зан-модар аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил мегардад. Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи мазкур дар Паёми худ баромад намуда, таъкид месозанд: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем”. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд! Ин тадбир имкон фароҳам овард, ки мо иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё намуда, бо ифтихор собит созем, ки ҳамчун мардуми соҳибтамаддуну хирадпарвар эҳтироми зан-модарро пос медорем. Илова бар ин, дастгириҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни духтарон аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бепоён аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки ба тасдиқ расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” заминаи асосӣ дар афзоиши теъдоди занони роҳбар дар ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ гардид. Бале, ҳақ асту рост. Албатта, вақте як ҷавондухтар соҳиби маълумоти олӣ мегардад, ин шаҳодати он аст, ки як оила ва як ҷамъият соҳибмаърифат мегардад. Зеро зан-модар тарбиятгар аст, ҳидоятгар дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва раҳнамо дар роҳи рост мебошад. Зан ҳамчун зани сарвар, зани роҳбар, зани далеру ҷасур дар набардҳои мухталифи муборизаи ҳаёту марг, ватандориву диловарӣ ҳамеша дар талош баҳри осудагиву оромии оила ва ҷомеа баромад менамуд. Боиси ифтихор аст, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, хирадманду фарзона, фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поку боиффати худ ба камол расонидаанд. Сарвари хирадманд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ нисбат ба зан - модар ғамхориҳои беназир кардаанд. Ҳамин дастгириҳо ва ғамхориҳо буд, ки имрӯз зани тоҷик вазир, раиси ноҳия, вакили мардумӣ ва роҳбари ташкилоту идораҳои давлатӣ шуда, кору фаъолият намуда истодаанд, ки барои мардуми шарафманди тоҷик бахти баланд ва ифтихор аст. Бо дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои кишвар, омода намудани мутахассисони болаёқат аз ҳисоби занону духтарон ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон минбаъд низ роҳандозӣ менамояд. Ҳамин тариқ, мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки нақши занону бонувони Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ хеле ҳам бузург буда, борҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои калон садо дода, ҳамаҷониба занону бонувони гиромиқадр аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки занону бонувон як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи шаҳрвандии ватани азизамон ба шумор рафта, саҳми онҳо, пеш аз ҳама, дар таълим ва тарбияи фарзанд, ободиву сарсабзии кишвар назаррас мебошад. 

Ходими пешбари илмии шуъбаи 
таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. 
Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович 

 

Меню: