МАВҚЕИ ИЛМ ДАР САМАРАНОКИИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 04/07/2026 - 10:48

Санаи 07.04.2026 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба даҳаи илм ва Рӯзи илм семинари илмӣ баргузор гардид. 
Чорабинии илмиро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и. Бобозода К.О. ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки ҳамасола аз аввали моҳи апрел дар қаламрави кишвар чорабиниҳои гуногуни илмӣ бахшида ба Рӯзи илм баргузор мегардад. Ин рӯз ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба аҳли илму дониш, рушди тафаккури илмӣ ва саҳми олимон дар пешрафти кишвар таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо санаи идона барои муҳаққиқон ва донишмандон, балки барои тамоми ҷомеа – ҳамчун ёдоварӣ аз аҳамияти илм дар замони муосир мебошад.
Дар навбати худ, ходими пешбари илмии шуъбаи назарияи иқтисод ва таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Ҷӯразода Т.Ҷ. дар мавзӯи “Самаранокии идоракунии давлатӣ – чун кафили амнияти иқтисодӣ ва рушди устувори Тоҷикистон” маърӯзаи худро ироа намуд. Зимни ироаи маъруза натиҷаҳои таҳқиқоти илмие, ки доир ба масоили таҳаввулоти низоми идоракунии давлатӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ, асосҳои институтсионалии рушд ва низоми муосири идоракунӣ ҷиҳати расидан ба амнияти иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон баён гардид. Аз ҷониби маърӯзачӣ марҳилаҳои ислоҳоти маъмурӣ ва омилҳои устувори неруҳои институтсионалӣ дар низоми идоракунӣ иброз карда шуд. 
Дар охир, чорабинӣ бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳоти асоснок хотима бахшид. 
 

Меню: