ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ЗАМИНАИ НИЗОМИ УСТУВОРИ РАФТОРИ ҲУҚУҚӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 05/07/2026 - 09:09

Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

Семинари илмии муштарак дар мавзуи «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 05/06/2026 - 16:51

06 майи 2026 дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсиласеминарҳои илмии муштарак дар мавзуи «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» идома ёфт. Дар семинари навбатии муштарак муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р. ва сарходими илмии шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода иштирок намуданд.

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 05/05/2026 - 15:44

Санаи 5-уми майи соли 2026 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Раёсат ҷиҳати амалӣ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 марҳилаи дуюм, солҳои 2026-2030” вохӯрии ҳайати кормандони Институт бо сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Баҳромҷони Бобо баргузор гардид.

ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 05/02/2026 - 15:26

Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи якуми байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба идоракунии рушд бо тамаркуз ба мониторинг ва арзёбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мусоидат ба банақшагирии стратегӣ, мониторинг ва арзёбӣ, инчунин ҳамкорӣ барои рушди устувор дар Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар сессияи 1-уми он – «Таҷрибаи мониторинг ва арзёбӣ: вазъ ва дурнамо» маърузаи ходими пешбари илмии шуъбаи назарияи иқтисод ва таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и.

ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМИИ САТҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 05/02/2026 - 12:24

Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Масъалаҳои таъмини сифати таҳсилот дар шароити рақамикунонӣ» баргузор гардид, ки дар кори ҷаласаи пленарии конференсия маърузаи мудири шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти бахши воқеӣ, н.и.и. Қодиров Ф.А. дар сатҳи баланди илмӣ ироа гардид. 

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ