Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз шаҳри зеботарин ва таърихии Осиёи Марказӣ мебошад. Душанбе инъикосгари рамзи сулҳ, ваҳдат ва пешрафту осоиштаи миллат ба ҳисоб меравад. Душанбе чун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар буда, баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишвар, ба як макони муосири илмӣ, фарҳангӣ ва ободу пешрафт табдил ёфт. Имрӯз, Душанбе дар арсаи байналмилалӣ чун маркази рушдёфтаи илму фарҳанг ва макони ободу зебои сайёҳӣ табдил гардид. Дар шаҳр биноҳои баландошёна, роҳу мавзеъҳои обод, боғу гулгаштҳои дилфиреб ва марказҳои фарҳангӣ сохта шуданд. Пойтахти кишвари ободамон бо намуди зебояш диққати сайёҳонро ҷалб менамояд.
Яке аз афзалияти муҳими Душанбе – кафолати амният, оромӣ ва осудагии мардуми кишвар ва меҳмонону сайёҳони мамлакатамон мебошад. Дар ин шаҳр намояндагони миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд. Ба шарофати ваҳдату осудагӣ ва дӯстиву иттифоқ, Душанбе чун пойтахти сулҳ эътироф гардид. Бояд зикр намуд, ки дар партави сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу пайгириҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, имрузҳо пойтахти мамлакатамон ба яке аз шаҳрҳои ободу зебо ва хонаи умеди ҳазорон нафар табдил ёфтааст.
Вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Душанбе дар асри XXI марҳилаи нави рушдро аз сар гузаронида истодааст. Соҳаҳои асосии иқтисод — хизматрасонӣ, савдо, сохтмон ва соҳибкории хурду миёна ба рушди шаҳр такони ҷиддӣ бахшидаанд. Бунёди марказҳои тиҷоратӣ, меҳмонхонаҳои муосир ва инфрасохтори маишиву хизматрасонӣ нишонаи болоравии сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ мебошад. Ҳамзамон, ҷорӣ гардидани технологияҳои муосир ва рақамикунонии хизматрасониҳо ба самаранокии фаъолияти иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Душанбе тадриҷан ба маркази иқтисодии минтақа табдил ёфта истодааст. Аллакай, дар асри XXI инфрасохтори шаҳри Душанбе ба таври назаррас рушд гардид. Сохтмони роҳҳои васеъ, пулҳо, биноҳои баландошёна ва шабакаҳои муҳандисӣ ба беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат намуд. Пойтахти зебои кишварамон ба маркази муҳими фарҳангӣ табдил ёфтааст. Театрҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ дар рушди маънавии ҷомеа нақши муассир мебозанд. Ҳамзамон, рушди маориф ва илм низ яке аз самтҳои афзалиятнок мебошад. Донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос саҳми назаррасро доранд. Ин шаҳр бо фазои ором, мардуми меҳмоннавозу меҳрубон ва имкониятҳои васеи зиндагӣ барои ҳар як сокин ва меҳмон ҷолиб аст. Сулҳу субот, ки дар кишвар ҳукмфармост, барои ободии Душанбешаҳр заминаи устувор фароҳам овардааст. Бо нигоҳ доштани сулҳ ва ваҳдат мо метавонем ин шаҳри зеборо боз ҳам ободу пешрафт гардонем.
Аюбов Ҳусейн Файзиддинович - лаборанти калони шуъбаи таҳқиқоти
инфрасохтори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








