Санаи 30-юми марти соли 2026 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд:
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институт дар семоҳаи якуми соли 2026
2. Дар бораи тасдиқи санаи баргузорӣ ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рўзи илми тоҷик
3. Дар бораи тасдиқ намудани Кумитаи тадорукотӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Дастоварду самтгирии стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: иқтисод ва ҷараёнҳои иҷтимоӣ» (бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
4. Оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2025-2029 «Муаммоҳо ва дурнамои рушди равандҳои муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» (рақами бақайдгирӣ №0125ТJ1685, аз 23.03.2025)
5. Тасдиқи мавзӯъҳои докторантони (PhD)-и соли аввали таҳсил дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
6. Тасдиқи мавзӯъҳои унвонҷӯёни соли аввали таҳсил дар Институти иқтисодиёт ва демография тибқи қарори раёсати АМИТ
7. Тасдиқи мавзӯъҳои докторантони анъанавии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
8. Масъалаҳои ҷорӣ













Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








