Душанбе, Апрел 20, 2026

ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО ВА МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 04/20/2026 - 13:04

«Душанбе рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки фарзандони бонангу номуси он бояд ин симоро ҳамеша поку равшан ва беғубор нигоҳ доранд.
Пойтахт воқеан гаҳвораи камолот ва инкишофу пешрафти миллат буда, ягон давлати соҳибтамаддуни олам бе марказҳои тавонои илмию фарҳангӣ вуҷуд дошта наметавонад»
                                                                                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ – ҲУСНИ БЕНАЗИРИ САРЗАМИНИ ОФТОБИИ ТОҶИКОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 04/20/2026 - 15:06

Пас аз таҷлили гарми Рӯзи Модар ва шукӯҳи оламгири Наврӯзи бостонӣ, мардуми кишвар ҳанӯз дар ҳавои идона қарор доранд ва бо ҳамин рӯҳияи болида ба истиқболи Рӯзи Пойтахт мешитобанд. 
Тавре мо медонем, ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» шанбеи сеюми моҳи апрел дар ҷумҳурӣ Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе таҷлил мегардад. Зеро пойтахт дар радифи муқаддасоти миллӣ, ба мисли Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва пули миллӣ рамзи давлатдорӣ эътироф шуда, муҳимтарин аломати муаррифии давлатдории мо, тоҷикон маҳсуб мешавад.