Ҷумъа, Март 6, 2026

МОДАР НЕРУБАХШИ РӮҲУ ҶОН АСТ.

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 03/06/2026 - 11:28

«Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад». 
Эмомалӣ Раҳмон 

МОДАР – ОФАРАНДАИ ҲАЁТ ВА РОҲНАМОИ БАШАРИЯТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 03/06/2026 - 12:11

Модар неъмати бебаҳо, сарчашмаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ фонуси хаёлҳои мост. Манзалат, қимат ва муҳаббати гаронбаҳои модар дар шаҳдрези каломи шоирону орифон, фозилону олимон бараъло равшану ҷилвагар аст. Аз ин ҷост, ки модар инсониятро ба дунё оварда, ба камол мерасонад. Зери калимаи модар махзани меҳру муҳаббат, хушгуфториву хушрафторӣ, гавҳари ноёбу бузургӣ ва муҷассамаи хоксорӣ нуҳуфтааст. Ҳеҷ арзише баробар ба арзиши модар нест. Тамоми ҳастии мо, вуҷуди мо аз модар аст. Модар офарандаи ҳаёт аст.

МОДАР – САРЧАШМАИ ЗИНДАГӢ!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 03/06/2026 - 14:16

Муҳтарам бонувон-олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воқеан, ба оғози фасли баҳор рост омадани ҷашни бонувон, занон ва духтарон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд.