Санаи 10.04.2026 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба даҳаи илм ва Рӯзи илм семинари навбатии илмӣ баргузор гардид.
Чорабинии илмиро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и. Бобозода К.О. ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки ҳадафи донишмандон густариши ҳамкориҳои илм бо истеҳсолот буда, баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ боиси тавсиф, ташреҳ ва муайян намудани равандҳо ва падидаҳои таҳқиқшаванда мегардад.
Сипас, тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои муассиса бахшида ба Рӯзи илм маърӯзаи ходими пешбари илмии шуъбаи иқтисоди сабз ва рушди устувор, д.и.и. Садриддинзода М.И. дар мавзӯи “Ҳамгироии иқтисодии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об” шунида шуд. Қайд карда шуд, ки ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар раванди ҳамгироии минтақавӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар эҳёи таҷриба оид ба истифодаи муштараки захираҳо, мубодилаи таҷриба дар соҳаи мазкур, ба роҳ мондани робитаи мутақобилаи илм ва истеҳсолот, ҳавасмандгардонии фаъолнокии инноватсионӣ ва густариши равобити иқтисодии хориҷӣ бо ин кишварҳо ифода мегардад.
Сипас, маърӯзаи мудири шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти бахши воқеӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қодиров Ф.А. дар мавзӯи “Тақвияти рақобатнокии корхонаҳои саноатӣ дар парадигмаи нави индустриалӣ” ироа гардид. Зимни маъруза таъкид гардид, ки дар шароити муосир баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои саноатӣ яке аз омили калидии пешрафти иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Зимни ироаи маърӯза баён гардид, ки нерӯи устувори рақобатпазирии маҳсулоти ватании саноатӣ имкон медиҳад, ки талаботи доираи васеи истеъмолкунандагон қонеъ карда шавад.
Дар охир, чорабинӣ бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳоти асоснок хотима бахшид.
+992 (37) 221-67-50 Главная |
Карта сайта |
Контакты |
![]()










Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.





