ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ ДАР ПАРТАВИ ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯ

Автор: IED.TJ Дата публикации: Пятница, 10 Апрель, 2026 - 16:23

Санаи 10.04.2026 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба даҳаи илм ва Рӯзи илм семинари навбатии илмӣ баргузор гардид. 
Чорабинии илмиро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и. Бобозода К.О. ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки ҳадафи донишмандон густариши ҳамкориҳои илм бо истеҳсолот буда, баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ боиси тавсиф, ташреҳ ва муайян намудани равандҳо ва падидаҳои таҳқиқшаванда мегардад. 
Сипас, тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои муассиса бахшида ба Рӯзи илм маърӯзаи ходими пешбари илмии шуъбаи иқтисоди сабз ва рушди устувор, д.и.и. Садриддинзода М.И. дар мавзӯи “Ҳамгироии иқтисодии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об” шунида шуд. Қайд карда шуд, ки ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар раванди ҳамгироии минтақавӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар эҳёи таҷриба оид ба истифодаи муштараки захираҳо, мубодилаи таҷриба дар соҳаи мазкур, ба роҳ мондани робитаи мутақобилаи илм ва истеҳсолот, ҳавасмандгардонии фаъолнокии инноватсионӣ ва густариши равобити иқтисодии хориҷӣ бо ин кишварҳо ифода мегардад.   
Сипас, маърӯзаи мудири шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти бахши воқеӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қодиров Ф.А.  дар мавзӯи “Тақвияти рақобатнокии корхонаҳои саноатӣ дар парадигмаи нави индустриалӣ”  ироа гардид. Зимни маъруза таъкид гардид, ки дар шароити муосир баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои саноатӣ яке аз омили калидии пешрафти иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Зимни ироаи маърӯза баён гардид, ки  нерӯи устувори рақобатпазирии маҳсулоти ватании саноатӣ имкон медиҳад, ки талаботи доираи васеи истеъмолкунандагон қонеъ карда шавад.  
Дар охир, чорабинӣ бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳоти асоснок хотима бахшид. 
 

Меню: