ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ БАХШИДА БА 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ ОНҲО»

Submitted by IED.TJ on Wednesday, May 20, 2026 - 5:42pm

Бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявии олимони ҷавонон баргузор гардид. 
Семинари илмиро мудири шуъбаи назарияи иқтисод ва таҳқиқоти институтсионалии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мирсаидов Аврор Бобоевич ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳаррики иқтисодиёти ҳар як кишвари пешрафта ба ҳисоб меравад. 
Дар навбати худ, Раиси олимони ҷавони Институт, ходими пешбари илмии шуъбаи назарияи иқтисод ва таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Сафарзода Абдулманон Маҳмадсаид дар мавзуъи «Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди онҳо» маърӯзаи худро ироа намуд. Зимни ироаи маъруза натиҷаҳои таҳқиқоти илмие, ки дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди онҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон баён гардид. Аз ҷониби маърӯзачӣ таҳлилҳо дар бораи рушди минтақаҳои озоди иқтисоди ва имкониятҳои рушди онҳо баён гардид.
Дар охир, чорабинӣ бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳоти асоснок хотима бахшид.