Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ, яке аз санаҳои муҳими таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд. Ин рӯз чун хотираи он родмандони шуҷоатманди халқу Ватан, ки баҳри зиндагии осуда ва хуррами имрӯзаи мо дар набардҳои хунин ҷангида буданд, дар ёди мо нақш бастааст.
Ин санаи муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, 9 май чун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватани (1941-1945) боифтихор ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ эътироф гардида, дар қаламрави кишвар, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои гуногун баргузор мегардад.
Таърих гувоҳ аст, ки аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷруҳ гардида буданд. Дар остонаи ҷашн ҳафтаи «Поси хотир», дидорҳо бо куҳансарбозони ҷанг баргузор мешуданд, ки барои тарбияи насли наврас нигаронида шуда буданд. Имрӯз дар Тоҷикистон шумораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле кам ҳаёт ба сар мебаранд. Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла, фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст.
Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат низ таҳти меҳрубонӣ ва нигоҳубини арзанда қарор доранд. Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дар бисёр баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки таъмини онҳо бо шароити мусоиди зиндагӣ вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар, шахсони фаъол, соҳибкорон ва афроди ҳимматбаланд мебошад. Яъне ҷанговарон, собиқадорони мо то имрӯз дар ёду хотирҳо боқӣ монданд. Хотиррасон менамоем, ки фард чӣ гунае принсипҳои ахлоқӣ дошта бошад, дар ҳар сурат, дар ҳар гуна шароит ба хизмати Ватан-Модар содиқ бояд бимонад.
Ба муносибати Рӯзи пирӯзӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯча, майдонҳо ва боғҳо ба шарофати Рӯзи Ғалаба ва қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ номгузорӣ шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳанӯз барои оилаҳои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадороне, ки хушбахтона, то имрӯз арзи ҳастӣ доранд, ғамхорӣ карда истодааст. Имрӯз шалқҳои даври Шӯравӣ зимни таҷлили бошукуҳи Рӯзи Ғалаба ба инсоният нишон медиҳад, ки танҳо бо муттаҳидӣ ва дӯстӣ сайёраро аз ҳар гуна даҳшату хунрезӣ ва қувваҳои ифротӣ эмин доштан имконпазир аст.
Рӯзи Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ санаи хеле муҳимест, ки ба мо наздик аст. Аз ин рӯ, ба насли наврасамон ёд додан лозим меояд, ки қадршиносӣ ба Ватан вазифаи муқаддас мебошад.
Ватан то ман сазовори ту бошам,
Бароят то шавам арзанда фарзанд.
Равам бо роҳи мардони накуят,
Бигирам аз хирадмандони ту панд.
Мутаассифона, ҳар сол бо дард мушоҳида мекунем, ки сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кам шуда истодаанд. Вале бояд дар хотир дошт, ки оид ба корнамоиҳои каҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҷавонон натанҳо дар арафаи ҷашн, балки дар тамоми даврае, ки раванди таълиму тарбия давом дорад, муҳокима намоем. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу субот, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъйю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна неруҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд. Бинобар ин, сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба барои аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, ҷаҳолату нодонӣ замина гузошта, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳифзу дарки самараҳои истиқлолият омили муҳим мебошад. Баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро мо - олимони ҷавон, бояд ба роҳ монем, баҳри рушду инкишоф ва муаррифии ин сарзамин дар арсаи байналмилалӣ талош варзем.
Рӯзи Ғалаба муборак бошад!
Ходими пешбари илмии шуъбаи
таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и.
Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








