МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ЗАМИНАИ НИЗОМИ УСТУВОРИ РАФТОРИ ҲУҚУҚӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 05/07/2026 - 09:09

Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан, олимону донишмандон бояд ташаббуси сулҳпарваронаи Сарвари давлатро пеша гирифта, дар роҳи татбиқи амалӣ ва шарҳу тавзеҳи илмии он талошҳои беандоза менамоянд. Имрӯз бо назардошти ҷаҳонишавӣ ва ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ муҳим гардида, он метавонад ба рушди Љумњурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ба сифати омили мусоидаткунанда баромад намояд. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ заминаи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он натанҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Маърифати ҳуқуқӣ раванди иттилоотоникунонии ҳуқуқӣ доир ба қоидаҳои умумии ҳатмии рафтор (меъёр)-и муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фаҳмида мешавад, ки мақсади он ба баланд бардоштани шуурнокии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалишавӣ ва риояи қонунҳо, инчунин, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар тамоми соҳаҳо равона шудааст. 
Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ собит менамояд, ки маҳз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардида буд, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он буд. Соли 2024 чун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28-уми декабри соли 2023 асос гардида, ҳадафҳои ин сол қаблан чунин муайян гардида буданд: 
    Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ;
    Тарғиби арзишҳои демократӣ;
    Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он; 
    Боз ҳам баланд бардоштани мақоми қонун;
    Тарбияи субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва бартараф намудани инкори он;
    Таъмини волоияти қонун;
    Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ;
    Оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ;
    Ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
    Ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ. 
Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳањои гуногун, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат хоҳад кард. Мо шаҳрвандони Љумњурии Тоҷикистон бояд ин иқдомњои Сарвари давлатро якдилона дастгирӣ намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ ва фарзандон, инчунин аҳли ҷомеа сайъю кўшиш намоем. Зеро мақсади асосии ин иқдом, пеш аз ҳама, ба шаҳрвандон ва ҳар як фарди ҷомеа омӯхтан ва дарки ҳуқуқҳои худ ва эҳтирому риояи ҳуқуқҳои дигарон мебошад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў чун арзиши олӣ арзёбӣ гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. 
Шукрона аз он мекунем, ки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ҳама якдилона дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул кардем ва дар он иброз намудем: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем». 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсозу муътабар қабул гардидааст ва тўли солњо мешавад, ки мавриди амал қарор дошта, ба халқи Тоҷикистон асосҳои адолати ҳуқуқиро пешбинӣ мекунад. Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин конститутсияҳо дар ҷаҳон пазируфта шуда, аз се як ҳиссаи он пурра ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст ва давлат ба он кафолат медиҳад. Мо тамоми шаҳрвандони Љумњурии Тоҷикистон баробарҳуқуқ буда, аз ҷиҳати шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоем, соҳиби ақлу виҷдон ҳастем ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошем. Ҷиҳати расидан ба мақсаду маромҳои олӣ баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа аз ҳар як фарди ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки Конститутсия ва дигар қонунҳоро хонад ва омўзад, зеро эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷудонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори  ҳар як узви ҷомеа мебошад. Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ ва огоҳӣ доштан аз ҳуқуқҳои худ мо бояд аз қонунҳое, ки ҳуқуқҳои моро ба танзим медароранд, огоҳӣ дошта бошем. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои табъиз», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»,  Илова бар ин мо бояд донем, ки мутобиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Мо шаҳрвандони Љумњурии Тоҷикистони азиз бояд шукрона аз он кунем, ки давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд ва демократӣ дорем. Ќайд намудан зарур аст, ки 12 декабри соли 2025 Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар доираи Иҷлосияи 80-уми худ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Соли 207 чун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, қабул намуд. Бо назардошти амалисозии муваффақонаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон дар соли 2024, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои Иҷлосияи 80-уми Маҷмааи Умумии СММ пешниҳод намуданд, ки ин ташаббус ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуда, соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад. Бо ироаи ин пешниҳод, Роҳбари давлат аҳамияти умумиҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи асосии адолат, мудирияти муассир ва сулҳи пойдор таъкид намуданд. Ин ташаббус дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт. Аз ин рӯ, маърифати ҳуқуқӣ василаи ба шаҳрвандон нишон додани ҳуқуқҳои онҳо ва тавсифи имкониятҳои воқеии зуҳури қобилияти худ дар ҳаёти ҷомеаву давлат дар заминаи эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон баромад мекунад. Дар маҷмуъ ибрози ин андешаҳоро ҳамчун шаҳрванд баҳри тарҳрезии муносиби чорабиниҳо ва ҳарчи самарабахшу муфид роҳандозӣ намудани онҳо дар ин соли таҷлилии маърифати ҳуқуқӣ барои аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, ҷаҳолату нодонӣ замина гузошта, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши назаррас мегузорад. 

Ходими пешбари илмии шуъбаи 
таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. 
Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович 

 

Меню: