НАТИҶАҲОИ ИЛМИИ «ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМӢ» ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 04/15/2026 - 11:28

Санаи 15-уми апрели соли 2026 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ «Даҳаи муаррифии илми академӣ», ки дар фазои илмии кишвар якчанд рӯзи охир бо шукӯҳи хос баргузор гардид, натиҷагирӣ карда шуд. Ин иқдом, ки бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, бори дигар собит сохт, ки илми тоҷик дар ҳоли рушд аст.
Дар ҳамоиши илмӣ, ки ба ҷамъбасти даҳаи муаррифии илми академии тоҷик бахшида шуда буд, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Саломиён Муҳаммаддовуд иштирок доштанд.
Чорабинии илмиро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода Комил ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳузури меҳмонони гиромиро хайрамақдам намуда, ҳозиринро бо барномаи чорабинӣ шинос намуд. 
Сипас, зимни суханронии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Саломиён М.Қ. қайд гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илм ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият ва ба олим ҳамчун сарвати бебаҳои ақлонӣ нигариста, барои ривоҷу равнақи минбаъдаи илм ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон чораҳои зарурӣ меандешанд, зеро рушди босуботи соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи пешрафти ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад.
Баъдан, фикру ақидаҳои илмии олимони соҳаи илм, аз ҷумла мудири шуъбаи назарияи иқтисод ва таҳқиқоти институтсионалӣ, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. оид ба назарияҳои муосири ҷойгиркунии рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва мудири шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, д.и.и., дотсент Шарифзода Б.М. оид ба масъалаҳои бозори молиявии Тоҷикистон, ҳолати муосир ва дурнамои рушди он ироа гардид. 
Қисмати хотимавии чорабинии илмӣ бо қадршиносии кормандони муассиса барои меҳнати софдилона ва фаъолияти пурсамар дар фаъолияти илмӣ-ташкилии Институт сурат гирифт.
 

Меню: