ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 05/02/2026 - 15:26

Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи якуми байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба идоракунии рушд бо тамаркуз ба мониторинг ва арзёбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мусоидат ба банақшагирии стратегӣ, мониторинг ва арзёбӣ, инчунин ҳамкорӣ барои рушди устувор дар Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар сессияи 1-уми он – «Таҷрибаи мониторинг ва арзёбӣ: вазъ ва дурнамо» маърузаи ходими пешбари илмии шуъбаи назарияи иқтисод ва таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Ҷӯразода Т.Ҷ. дар мавзӯи «Сабақҳои омӯхташудаи рушди низоми миллии мониторинг ва арзёбӣ» пешниҳод гардид. 
Ҳадаф аз ин чорабинӣ дар мустаҳкам намудани иқтидор ва малакаҳои касбии мутахассисони мониторинг аз минтақаҳои Тоҷикистон дар истифодаи Роҳнамо оид ба таҳия, мониторинг, арзёбӣ ва заминаҳои он иборат мебошад. 
 

Меню: