Шӯрои олимон
Рӯзи 02 майи соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзи 02 майи соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид.
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як фарди Ватан тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям.
Мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил менамоем.
Ҳамватанони мо иди саиди Фитрро ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол мегиранд.
14 апрели соли 2023 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз 31 марти соли 2023 бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» конференсияи илмӣ-назариявиро дар мавзӯи «Зарурат ва шартҳои татбиқи ислоҳоти пулию қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»» баргузор намуд.
Рӯзи 31 марти соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзи 19 марти соли 2023 ходимони илмии Институт дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар истироҳатгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воқеъ дар дараи Ромит баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур аз тарафи бонувони Институт бо истифода аз анъанаҳои миллӣ ва мардумӣ дастархони идона бо номи Ҳафт сину Ҳафт шин ороста гардид. Инчунин, дар чорабинии мазкур қисмати фарҳангӣ низ гузаронида шуд.