Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври гул-гулфикани Наврӯз аст,
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Наврӯзи байналмилалӣ ба мардуми тоҷик боз ҳам умеду орзуҳои зиёд бахшид. Бигзор, ин ҷашни қадима барои мардуми мо бахту саодат, ҳамдигарфаҳмӣ, рӯзгори нек ва сулҳу субот орад. Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оғози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, адлу эътидол ва бахшоиши гуноҳҳои ҳамдигар аст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиат, таърих ба инсон ҷони тоза меёбанд. Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукуҳу шаҳомати тоза пайдо кард, вале ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим тоҷикон ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргонро таҷлил мекарданд. Наврӯз чун пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъанаҳои ниёгон хос мебошад. Боиси ифтихор аст, ки он моҳи сентябри соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО, ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд. Наврӯз яке аз ҷашнҳои муқаддаси миллии мардуми тоҷик буда, мақоми байналмилалиро сазовор гардид. 19-уми феврали соли 2010 Маҷмааи 64-уми Анҷумани кулли Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он Ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Истиқболи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” дар мамлакат, баъд аз қабули қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Расман, санаҳои 21-24 март чун Рӯзи байналмиллалии Наврӯз ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии башарият дохил карда шудаанд. Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ маҳсуб ёфта, чун рӯзҳои истироҳат башумор рафта, ин ҷашн дар Эрон аз санаи 20-ум то 24-уми март, дар Озарбойҷон аз санаи 20-ум то 26-уми март, дар Қазоқистон аз санаи 21-ум то 24-уми март, дар Туркманистон аз санаи 20-ум то 23-уми март, дар Албания (Рӯзи Баҳор) аз санаи 20-ум то 23-юми март, дар Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон , Косово, Гурҷистон, Муғулистон, Ироқ санаи 21-уми март таҷлил гирифта мешавад, ки ин рӯзҳо ҳаҷмун рӯзҳои истироҳат қабул шудаанд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” омадааст, ки санаҳои 21-ум то 24-уми март чун Иди байналмилалии Наврӯз (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.10 сол, № 611) рӯзҳои истироҳат эълон карда шудааст. Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани Иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он шаҳодат дода, далели эътирофи тамаддуни ориёинажод, аз ҷумла, тоҷикон мебошад. Миллати тоҷик аз қадим дорои фарҳанги воло ва ҷашнҳои бою рангине буданд, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ин ҷашн сол то сол бо шукуҳу шаҳомати хосае таҷлил мегардад. Воқеан, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ ва нерубахши сулҳу оштӣ шинохта шудааст. Наврӯз оғози шукуфтанҳо, рустанҳо ва фарорасии баҳори нозанин, яъне зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, мавсими боғдорӣ ва коштани дони аввали деҳқон ба замин ва баробаршавии шабу рӯз мебошад. Наврӯз қадимтарин ҷашнҳои рӯйи Замин ба шумор меравад, зеро на танҳо рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор, балки вақти пок шудани қалбҳо ва оғози зиндагии нав аст. Наврӯз нишони баробаршавии шабу рӯз буда, санаи 21-уми март аз рӯйи солшумории милодӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар таърихи ҳазорсолаи ин ҷашн бештари анъанаҳои миллӣ мавқеи хоси худро пайдо кардаанд. Тавре дар боло зикр карда шуд, тоҷикон соҳиби чор ҷашни миллӣ ҳастанд ва ҳар яки ин идҳо маъно ва фалсафаи худро доранд. Эҳё намудани ҷашнҳои миллӣ яке аз омилҳои худшиносии миллӣ ба шумор рафта, аз маданияти баланд ва куҳан будани миллат шабоҳад медиҳад. Ин аст, ки ҳамасола бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои куҳанбунёди тоҷикон бо тантана ҷашн гирифта мешаванд. Маълумоти мустақим ва пураҳамиятро аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайëм, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ ва дигарон метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди пешдодиро бунëдгузори ҷашни Наврӯз хонданд. Ҳамин тавр, бисёре аз олимон ва донишмандони ин соҳа Наврӯзро ҷашни фарвардинмоҳ медонанд, яъне он пештоқи соли нав дониста мешавад. Ҳамин аст, ки дар оғози соли нав Наврӯз, яъне омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ дар нимаи тобистон Ҷашни Тиргон, ки ҳоло аҳамияти хоса ба ин ҷашн хеле кам аст, таҷлил карда мешавад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносон Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз воситаи хушҳолии мардуми тоҷикон мебошад, ки бо ин роҳ мардуми деҳот шодию хурсандии худро аз бедоршавии табиат ҷашн гирифта, бо фараҳ ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд, хушиҳои зиндагиро орзу намуда, кинаву адоватро аз худ дур мекунанд. Наврӯз ин рамзи ҳосили бомаром ва муҳаббат аст ва баробари омадани баҳор ва эҳёи табиати нав оғоз мешавад. Шукуҳу тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи он мебошанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ арҷ гузошта, барои пойдорӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамоянд. Аз ин рӯ, сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи оламафрӯз барои аз байн бурдани ҳисси бегонапарастӣ, ҷаҳолату нодонӣ замина гузошта, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши назаррасе мегузорад.
Ходими пешбари илмии шуъбаи
таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и.
Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.









