Ҷумъа, Май 8, 2026

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/08/2026 - 10:46

Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ, яке аз санаҳои муҳими таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд. Ин рӯз чун хотираи он родмандони шуҷоатманди халқу Ватан, ки баҳри зиндагии осуда ва хуррами имрӯзаи мо дар набардҳои хунин ҷангида буданд, дар ёди мо нақш бастааст. 

ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМИИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/08/2026 - 13:57

Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025-2030 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «ТАШКИЛИ МУОМИЛОТИ ПУЛӢ ДАР ШАРОИТИ ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ» баргузор гардид, ки дар кори ҷаласаи пленарии конференсия маърузаи сарходими илмии шуъбаи бозорҳои молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, д.и.и., профессор Раҳимзода Шариф дар мавзӯи “Рақамикунонии ҳисобдорӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ – омили таъмини шаффофия