Панҷшанбе, Май 7, 2026

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ЗАМИНАИ НИЗОМИ УСТУВОРИ РАФТОРИ ҲУҚУҚӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 05/07/2026 - 09:09

Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.