Чоршанбе, Март 18, 2026

НАВРӮЗ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ ОИЛАВӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 03/18/2026 - 14:10

Наврӯз яке аз куҳантарин ва пуршукуҳтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн аз замонҳои хеле қадим то имрӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагии мардум таҷлил карда мешавад. Наврӯз на танҳо як ҷашни фарҳангӣ ва таърихӣ мебошад, балки он бо бисёр ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла бо рушди иҷтимоӣ ва демографии кишвар низ робитаи зич дорад. Дар шароити Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои дорои аҳолии ҷавон ба ҳисоб меравад, аҳамияти ин ҷашн дар таҳкими арзишҳои оилавӣ ва иҷтимоӣ хеле бузург аст.