Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ба шарофати Истиқлол пойтахти азизи мо - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар боз ҳам зеботар ва ободу пешрафта гардид ва мояи ифтихори тамоми тоҷикон мебошад”.
Чунин суханони пурмазмун мақоми баланди пойтахтро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва макони пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамоянд.
Душанбе чун пойтахти Тоҷикистон, таҷассумгари оинаи фарҳанг ва тамаддуни ҳар шаҳрванди ин сарзамин маҳсуб меёбад. Душанбе баъди истиқлолият дарвозаҳои фарҳанг, сиёсат ва иқтисодиашро бо донишмандон ва фарҳангшиносон ба рӯи ҷаҳон боз кард. Имрӯзҳо ба пойтахт дӯстдорони фарҳангy тамаддуни ориёӣ хеле зиёд ташриф меоранд.
Шаҳри Душанбе, барои гузаронидани ҷашнҳои фарҳангӣ, дар сохтусози давлати миллии тоҷикон мақоми ба худ хосу арзанда дорад. Шаҳри Душанбе дар масири рушд дар асри XX роҳи пурпечу тоберо тай кардааст.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъйю кӯшишҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани маҳбуби мо - шаҳри Душнабе беш аз пеш рушду тараққӣ намуда, инфрасохтори истеҳсолӣ ва иҷтимоии пойтахт ободу зебо гардида, барои таъмини ниёзҳои мардум ва баргузории ҷашнҳои бузург дар пойтахти кишвар шароитҳои зарурӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Душанбе дар солҳои истиқлолият пурра дигаргун шуда, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардид. То имрӯз дар пойтахт биноҳои аз ҷиҳати меъморӣ диққатҷалбкунанда бо унсурҳои миллӣ, ба монанди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, қасрҳои - «Кохи Сомон», «Кохи Наврӯз», «Душанбе - Плаза», «Қасри Бахт» ва дигар иншоотҳо сохта ба истифода дода шудаанд, ки ифтихори ҳар як сокини хурду бузурги пойтахт ва боиси муаррифии он дар арсаи ҷаҳон гардидааст.
Душанбе боргоҳи неруҳои бузурги зеҳнӣ буда, рамзи давлатдорӣ ва ҷаҳони маънавии он дар маҷмааи меъмории Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, пайкараҳои бошукӯҳи алломаҳои оламшумули илму адаб - Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуали ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ифода гаштаанд.
Маҷмааи «Майдони Истиқлол», ки бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд гардида, дар он осорхонаи шаҳр бо нигораву ашёи нодири таърихӣ ҷойгир шудааст, имрӯзҳо ба макони сайру саёҳати садҳо сокинону меҳмонони хориҷи кишвар табдил ёфтааст.
Нигораҳо ва экспонатҳои осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии пойтахт, аз ҷумла Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостоншиносӣ, Осорхонаи мардумшиносӣ ва ғайраҳо, маданияти қадима ва диёри зебоманзару афсонавии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.
Яъне таҷлили Рӯзи пойтахт на танҳо ёдоварӣ аз гузаштаи пурифтихори пойтахт, балки арҷгузорӣ ба саҳми мардуми заҳматкаши он дар бунёди як шаҳрест, ки рамзи давлатдории тоҷикон гардидааст.
Таҷлили Рӯзи пойтахт, насли навро водор аз он месозад, ки аз таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ бештар огоҳ гашта, ҳисси баланди ватандӯстӣ дар қалбҳои онҳо таҳким ёбад. Ин ҷашн на танҳо як санаи таърихӣ, балки як рӯҳия ва нерӯи мусбат барои рушди оянда хоҳад гузошт.
Дар маҷмуъ, шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои ҳаёти давлатдории миллӣ, сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг мавқеи калидӣ ва муайянкунанда дорад ва рушду пешрафти босуръати он дар даврони Истиқлол, боиси бунёди инфрасохтори муосир ва густариши фаъолияти байналмилалӣ мегардад. Душанбе ба як маркази муҳимми минтақавӣ табдил ёфтааст. Пойтахти кишвар имрӯз на танҳо маркази идоракунии давлатӣ, балки макони ташаккули тафаккури миллӣ, рушди илм ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ба шумор рафта, чун рамзи Истиқлол, ваҳдати миллӣ ва давлатдории муосири тоҷикон дорои имконҳои васеъ барои рушди минбаъда мебошад. Душанбе дар оянда метавонад нақши муҳим дар пешрафти кишвар ва таҳкими нуфузи он дар сатҳи байналмилалӣ бозад.
Бояд гуфт, ки Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе имрузҳо ба маркази сайёҳии байналмилалӣ табдил гардида, аз кишварҳои ҳамсоя ва дуру наздик теъдоди зиёди меҳмононро ҷалб намуда истодааст. Сокинону меҳмонон аз зебоӣ ва таровати боғу гулгаштҳои он ибрози қаноатманди намуда, бошандагон аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори миннатдорӣ менамоянд.
Ходими пешбари илмии шуъбаи
таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и.
Мирзоева Ҷононбиби Пируншоевна





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







