Пас аз таҷлили гарми Рӯзи Модар ва шукӯҳи оламгири Наврӯзи бостонӣ, мардуми кишвар ҳанӯз дар ҳавои идона қарор доранд ва бо ҳамин рӯҳияи болида ба истиқболи Рӯзи Пойтахт мешитобанд.
Тавре мо медонем, ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» шанбеи сеюми моҳи апрел дар ҷумҳурӣ Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе таҷлил мегардад. Зеро пойтахт дар радифи муқаддасоти миллӣ, ба мисли Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва пули миллӣ рамзи давлатдорӣ эътироф шуда, муҳимтарин аломати муаррифии давлатдории мо, тоҷикон маҳсуб мешавад.
Ҳар миллате, ки дар арсаи таърих соҳиби давлатдории устувор мегардад, пойтахти он ҳамчун оинаи равшани сатҳи рушд, фарҳанг, худшиносӣ ва иродаи сиёсии он миллат ба ҷаҳон муаррифӣ карда мешавад. Пойтахт на танҳо маркази идоракунӣ, балки тамаддун, фарҳанг, иқтисод ва тафаккури миллӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони соҳибистиқлолӣ бо раҳнамоии сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист пойтахти худро ба шаҳри муосир, зебо ва дорои симои хоси миллӣ табдил диҳад.
Таҷлили Рӯзи Пойтахт барои ҳар як сокини кишвар аҳамияти хоса дорад. Ин рӯз моро ба гузашта назар кардан, имрӯзро қадр намудан ва барои ояндаи дурахшон талош варзидан водор месозад. Дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд: намоишҳои фарҳангӣ, консертҳои идона, озмунҳо, ярмаркаҳо ва барномаҳои фароғатӣ. Ҳамаи ин чорабиниҳо ба таҳкими ваҳдат, дӯстӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ мусоидат мекунанд.
Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер - Душанбе бародаршаҳрҳо, Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳид ва ҳокимияти маҳаллӣ, узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ мебошад.
Душанбе давоми солиёни истиқлол мизбони чорабиниҳои муҳими сатҳи байналхалқӣ гардид, аз ҷумла, ҳамоиши 1100-солагии давлати Сомониён, ҷаласаҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди ҳамкории иқтисодӣ, Иттиҳоди ҳамкории Осиёи Марказӣ, симпозиумҳои «Таҷрибаи таърихии сулҳофарӣ дар Тоҷикистон», «Аҳамияти байналмилалии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», форумҳои байналмилалӣ таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе-макони фарҳанг ва равобити сайёҳӣ», «Душанбе-инвест-2021» ва чандин форумҳои сатҳи баланд оид ба масоили об, Бозиҳои 5-уми Осиёи Марказӣ, чандин конфронсҳои илмӣ-амалии сатҳи баланд ва ғайра.
Самараи заҳматҳои меҳанпарастонаи шаҳрдори бунёдгар муҳтарам Рустами Эмомалӣ буд, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ Душанберо «шаҳри сайёҳӣ» эътироф намуд ва Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Русия ба даҳгонаи шаҳрҳои бехатари ИДМ ворид кард: дар раддабандии барои мамлакатҳои хориҷӣ таҳиякардаи он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 мамлакати барои сайёҳони Русия маъруфтарин-ТОП-50 ворид гардид. Рӯзномаи бонуфузи «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишвари барои сайёҳӣ беҳтарин баргузида, ба хонандагон тамошои шаҳри Душанбе ва дигар мавзеъҳои мамлакатро тавсия додааст.
Таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, пойтахт дар даҳсолаи охир ба марҳилаи нави рушд ворид шуд. Бунёди садҳо иншооти муосир, навсозии роҳҳо мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва ворид намудани нақлиёти муосири барқӣ сифати хизматрасониро куллӣ беҳтар кард. Азнавсозии фурудгоҳу истгоҳи роҳи оҳан ва таъмини амнияти комил боиси он гардид, ки Душанбе аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун шаҳри амн ва бехатар эътироф шавад. Ин дастовардҳо барои ҳар як сокин мояи ифтихору сарбаландӣ мебошанд.
Имрӯз Душанбе на танҳо пойтахти мамлакат, балки хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё буда, дар он намояндагони халқу миллатҳои гуногун дар оғӯши бародарию ҳамдигарфаҳмии осоишта зиндагӣ менамоянд. Маҳз ҳамин фарҳанги ҳамзистии мусолиматомези сокинони шаҳр буд, ки соли 2004 шаҳри Душанбе ба аввалин ҷоизаи Шаҳри сулҳи ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором шарафёб гардид. Ин дастовард нишони он аст, ки Душанбе аз амнтарин шаҳрҳои ҷаҳон мебошад.
Шаҳри Душанбе – пойтахти ҷумҳурии азизамон, ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ, маркази илму фарҳанг ва дорои инфрасохтори пешрафтаи муосир рисолати муаррифии давлату миллатро бар дӯш дорад. Мусаллам аст, ки ҳар меҳмоне, ки вориди пойтахти кишвари азизамон мегардад, бо тамошои он ва фарҳанги сокинони он дар бораи сатҳи тамаддун, иқтисодиёт ва маънавиёти тамоми миллати мо дар маҷмуъ баҳо медиҳад.
Пойтахт хонаи умумии ҳамаи мост. Аз ин рӯ, нигоҳубин ва ободонии он вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Тозагӣ, риояи қоидаҳои шаҳрнишинӣ, ҳифзи муҳити зист ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ – ин ҳама нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Ҳар як сокини пойтахт бояд дар рушду ободии он саҳмгузор бошад, зеро пешрафти пойтахт пешрафти тамоми кишвар аст.
Рӯзи Пойтахт муборак, ҳамдиёрони азиз!
Ҷалилзода Дилшод Раҷабмурод –
н.и.и., муовини директор
оид ба корҳои илм ва таълими
Институти иқтисодиёт ва демографияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон






Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







