АТТЕСТАТСИЯИ МАГИСТРАНТОНИ СОЛИ ДУЮМИ ТАҲСИЛ ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ

Автор: IED.TJ Дата публикации: Пятница, 17 Апрель, 2026 - 16:51

Санаи 17-уми апрели соли 2026 тибқи нақшаи кории Раёсати АМИТ дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки намоянда, мутахассиси пешбари Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдукаримзода Амин, муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р., котиби илмӣ, н.и.и. Обидова М.Р. ва масъули бахши докторантура ва магистратура Шарофиддинова Г.Ё. ва мудирони масъули шуъбаҳои илмии Институт раванди аттестатсияи пешакии магистрантони соли дуюми таҳсили Институти иқтисодиёт ва демография ҷиҳати омодагӣ ба аттестатсияи давлатии хатм баргузор гардид. 
Бояд зикр намуд, ки дар сатҳи баланд ва сари вақт омода намудани рисолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби магистрантон барои боз ҳам мустаҳкам намудани донишҳои зарурии назариявӣ тибқи барномаи ихтисоси зинаи таҳсилот муҳим мебошад. Зеро, ҳимояи рисолаи магистрӣ ин марҳилаи ниҳоии аттестатсияи хатм буда, қобилияти амалӣ ва салоҳияти касбии хатмкунандаро ифода менамояд. 
Дар раванди аттестатсияи магистрантони ихтисоси Идораи давлатӣ ва Идораи лоиҳаҳо маълум гардид, ки онҳо рисолаҳои худро ба пуррагӣ ҷамъбаст намуда, тибқи муқаррароти умумии “Низомнома дар бораи рисолаи магистрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба аттестатсияи давлатии хатм омода мебошанд.
Дар раванди чорабинӣ аз ҷониби ҳозирин ба шогирдон бобати  тартиботи ҳимояи рисолаи магистрӣ дар назди Комиссияи аттестатсияи давлатӣ дастури методӣ расонида шуд.
 

Меню: