ИФТИТОҲИ РАСМИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ 6D.КОА-109 ДАР НАЗДИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Автор: IED.TJ Дата публикации: вторник, 14 Апрель, 2026 - 16:52

Санаи 14-уми апрели соли 2026 дар назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои навтаъсиси 6D.KOA-109, ки бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2025, таҳти №489/шд аз рӯйи ихтисосҳои барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) - доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D050600 - Иқтисодиёт (6D050602- Макроиқтисод), 6D050700 - Менеҷмент (6D050701 - Менеҷмент), 6D051000 - Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ (6D051002 - Амнияти иқтисодӣ) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи ихтисоси 5.2. Иқтисодиёт (5.2.2. Макроиқтисод, 5.2.3. Амнияти иқтисодӣ ва 5.2.22. Менеҷмент) таъсис ёфта буд, расман ба фаъолият шурӯъ намуд. 
Қайд намудан ба маврид аст, ки имрӯз дар назди Шурои диссертатсионӣ ҳимояи рисолаи номзадии Рустам Ситора Рустам дар мавзӯи «Мукаммалсозии механизми таъмини амнияти иқтисодии минтақа (дар мисоли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)» аз рӯйи ихтисоси 5.2.3 – Амнияти иқтисодӣ баргузор гардид. 
 

Меню: