ИДОМАИ СЕМИНАРҲОИ ИЛМӢ ДАР ПАРТАВИ ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯ

Автор: IED.TJ Дата публикации: четверг, 9 Апрель, 2026 - 17:14

Санаи 09.04.2026 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба даҳаи илм ва Рӯзи илм семинари илмӣ баргузор гардид. 
Чорабинии илмиро мудири шуъбаи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои иқтисоди байналхалқии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., дотсент Каримова Мавзуна ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки аҳамияти рушди илми муосир ва нақши он дар пешрафти ҷомеа бисёр муҳим мебошад.
Сипас, тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои муассиса бахшида ба Рӯзи илм маърӯзаи ходими пешбари илмии шуъбаи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ, н.и.и. Довгялло Яна дар мавзӯи “Женщины Таджикистана в науке” шунида шуд. Қайд карда шуд, ки дар шароити муосир мавқеъ ва манзалати занон ва бонувон дар ҷомеа баланд гардида, имрӯз занону бонувон дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт кор ва фаъолияти пурсамарро пеша бурда истодаанд. Зикр гардид, ки нақши занон дар соҳаи илм низ ба назар мерасад. 
Сипас, маърӯзаи ходими пешбари илмии шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои инвеститсионӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Умед Давлатзод  дар мавзӯи “Мушкилот ва дурнамои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ироа гардид. Зимни маъруза таъкид гардид, ки дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои муосири молиявӣ, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодию молиявии давлат арзёбӣ гардида, ба баланд бардоштани шаффофияти муносибатҳои молиявӣ, такмили хизматрасониҳои бонкӣ ва рушди инфрасохтори рақамии кишвар мусоидат менамояд. Ҳамзамон, дар ҷараёни рӯнамо масъалаҳои марбут ба тамоюлҳои рушди ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ, истифодаи васеи воситаҳои муосири пардохт, таҳкими амнияти рақамӣ ва зарурати баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокчиён вобаста ба мавзӯи матраҳшуда мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар охир, чорабинӣ бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳоти асоснок хотима бахшид. 
 

Меню: