Санаи 08.04.2026 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба даҳаи илм ва Рӯзи илм семинари илмӣ баргузор гардид.
Чорабинии илмиро муовини директор оди ба илм ва таълими Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р. ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки барои пешрафти соҳаи илм ҳамасола аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Воқеан, дар замони муосир рушди иқтисодиёт бевосита аз соҳаи илм алоқаманд мебошад.
Тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои муассиса бахшида ба Рӯзи илм маърӯзаи ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонӣ, д.и.и. Бобозода А.А. дар мавзӯи “Таҳқиқи масъалаҳои диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатии бурунмарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд. Қайд карда шуд, ки дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ масъалаи диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатии бурунмарзӣ инъикоси худро ёфтааст. Баромадкунанда зимни ироа маърӯзаи худ оид ба моҳияти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо шарҳи маълумотҳои оморӣ диққати хоса зоҳир намуд.
Сипас, маърӯзаи ходими илмии шуъбаи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия Чоршанбиев С.Р. дар мавзӯи “Рушди индустриалӣ-инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили омилҳо, маҳдудиятҳо ва дурнамо” ироа гардид. Зимни баёни маъруза натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ доир ба масоили рушди индустриалӣ-инноватсионии кишвар дар мисоли соҳаҳои мушаххаси иқтисодӣ, омилҳои рушди онҳо, афзалиятҳо ва муаммоҳои соҳаҳои индустриалӣ-инноватсионӣ баён гардиданд. Аз ҷониби маърӯзачӣ марҳалаҳои Барномаи миёнаи рушд низ иброз карда шуд.
Дар охир, чорабинӣ бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳоти асоснок хотима бахшид.
+992 (37) 221-67-50 Главная |
Карта сайта |
Контакты |
![]()











Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.





